Перейти в канал

Нигина Амонкулова

987
БИЁ, МО НАРАВЕМ Эй дил аз ишқ, аз ин хона, биё, мо наравем. Ҳама рафтанд чу бегона, биё, мо наравем. Лонае ҳаст агар, дона тавон ёфт ба ҷаҳд, Ба дигар лона пайи дона, биё, мо наравем. Мазҳаби ишқ ба ҷуз мазҳаби якрўӣ нест, Сўи ҳар шамъ чу парвона, биё, мо наравем. Ҳар чӣ ҷуз ишқ бувад, қиссаи бебунёд аст, Талаби қиссаву афсона, биё, мо наравем. Ишқ чун Шарқ бувад аслу ҳавас нусха чу Ғарб, Ҷониби Ғарб ғарибона, биё, мо наравем. УСТОД Озар Салим @olimmshirinov @niginamusic