Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1048
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст, Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст. Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд, Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст. Баски аз пои равон мондем, ҳасрат мекунем Аз паи хубон давидан ҳам ғанимат будааст. Дар фалак ҷустан ситора санъат асту дар замин Хештанро гум накардан низ санъат будааст. Одамӣ баъд аз заволи умр мефаҳмад, ки умр Як назар бар осмон бо чашми ҳайрат будааст. Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт, гар симу зар аст, Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ, муҳаббат будааст @amonqulova