Перейти в канал

Нигина Амонкулова

916
Шаб ҳама шаб қалам занам хотири гуфтугӯйи ту, Рӯз шавад қадам занам ман пайи ҷустуҷӯйи ту. Моли кадом кишварӣ, гӯ малакӣ ë Қамарӣ? Шавқи ҳазор оварад дидани ҳусни рӯйи ту. Ҷилва намо ҷониби ман, эй гули сарви ëсуман, То ба машом оварам накҳати тори мӯйи ту. Майлу ҳавойи ошиқӣ лаҳза ба лаҳза дам ба дам, Кӯча ба кӯча мебарад, то бирасам ба кӯйи ту. Ғунчагули муҳаббатам, бурдаӣ сабру тоқатам, Аз дилу ҷон ошиқатам, лойиқи орзӯйи ту. С. Қодирӣ 🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿