Перейти в канал

Нигина Амонкулова

900
Эй ҳама шакли ту матбӯъу ҳама ҷои ту хуш, Дилам аз ишваи ширини шакарҳои ту хуш. Ҳамчу гулбарги таре ҳаст вуҷуди ту латиф, Ҳамчу сарви чамани хулд саропои ту хуш. Шеваву нози ту ширин, хату холи ту малех, Чашму абруи ту зебо, қаду болои ту хуш. Ҳам гулистони хаёлам зи ту пурнақшу нигор, Ҳам машоми дилам аз зулфи сумансои ту хуш. Дар раҳи ишқ, ки аз сели бало нест гузор, Кардаам хотири худро ба таманнои ту хуш. Шукри чашми ту чӣ гӯям, ки бад-он беморӣ, Мекунад дарди маро аз рухи зебои ту хуш. Дар биёбони талаб гарчи зи ҳар сӯ хатар аст, Меравад ошики бедил ба таваллои ту хуш.