Перейти в канал

Нигина Амонкулова

879
Дар мулки дилат пиёдагардам. Овора дар ин фазои сардам. Хушкида ниҳоли меҳру нозат, Бе рӯйи хушат шабеҳи гардам. Аз мо нигаҳат дареғ кардӣ! Як сатри пур аз нидову дардам. Дастат, ки набуд ба шонаи ман, Бе пайки дилат хазону зардам. Дар кӯи туям бидон азизам, То субҳ Худора зора кардам. Ту қадри муҳаббатам чи донӣ? Бар хотири ишқ дар набардам. Эй ёри азизи ман ту бишнав, Дар ҷодаи ишқ марди мардам.