Перейти в канал

Нигина Амонкулова

65
НИГИНА АМОНҚУЛОВА: “ДӮСТДОШТАИ ХУДОЯМ, ШАВҲАРИ ХУБ ВА ДУ ФАРЗАНДИ ДӮСТРӮ ДОРАМ” Нигина Амонқулова соли 2006, вақте 20 сол дошт, бидуни маълумоти олии донишгоҳи санъат, тавассути озмуни эҷодиёти халқ - “Андалеб” ба майдони санъати тоҷик ворид шуд. Ба қавли худаш, пас аз муваффақият дар ин озмун, варо дар чандин чорабиниҳои давлатӣ даъват карданд ва дар як чорабинӣ раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҳунараш ситоиш кард ва пешниҳод намуд, ки дар пойтахт бимонад ва ҳамин ҷо дар риштаи санъат таҳсил кунад. Овозхон аз ҷониби ҳукумати кишвар дар Душанбе хонаи истиқоматӣ тӯҳфа гирифт, вале падару модараш на танҳо барои ба пойтахт кӯч бастан, балки ба овозхон шуданаш ҳам зид буданд. Падараш танҳо пас аз дидани муҳаббати зиёди мардум нисбати ҳунараш ва модараш пас аз таъкидҳо, ки дар оянда дар атрофи номаш овозаҳои зиёд паҳн нахоҳад шуд, бо ин тасмими Нигина розӣ шуданд. Ҳамин тавр, соли 2006 Нигина Амонқулова бо аҳли оилааш ба Душанбе омад, таҳсил намуд ва ҳамоно дар пойтахт машғули эҷод аст. Санъатшиносон, мухлисон ва ҳаводорони Нигина Амонқулова бар он назаранд, ки солҳост дар кишвар барои дарёфти истеъдодҳо озмунҳо баргузор мешавад, вале истеъдоде ба мисли Нигина кашф нашуда, ки ба дили ҳама халқи тоҷик ва берун аз он ҷо гирид. Ин овозхони шинохта бо "Азия-Плюс" перомуни раҳи тайкарда, шӯҳрати бадастоварда, ҳунар ва таъсири он, тарзи либопӯшии овозхонон, як саргузашти ҷолиб ва зиндагии хусусиаш суҳбат кард.