Перейти в канал

Нигина Амонкулова

381
ҲУСНИ ОСМОНӢ !.. ( Эҳдо ба зеботарин зани саҳнаи ҳунар, - Нигинабону Амонқулова ) Худо ҳусни туро ҳамсурати ҳуру парӣ бинмуд, Забонатро ба ширинӣ, ҳамоҳанги дарӣ бинмуд. Ба мисли тобиши чашмони ту, чашми қашанге нест, Ду чашматро зи ҳар чашме, Худованд бартарӣ бинмуд. Агарчи дидаам ҳусни занон, бе ҳеҷ каму костӣ, Вале ҳусни ҳама, дар пеши ҳуснат, сар - сарӣ бинмуд. Ту медонӣ дар ин даҳсолаҳо, аз диданат, ҳар бор Ҳазорон мухлисонатро, ҷамолат бистарӣ бинмуд. Агарчи Рӯдакӣ бо шоирон, зеби сарӣ дорад, Туро барҳақ Худо, бар ҳофизон, зеби сарӣ бинмуд. Намехоҳам дар ин шаб, шеъри Кайҳон, иктифо ёбад, Вале мурғи саҳар дар иктифо, хунёгарӣ бинмуд ! Кайхон Суфи