Перейти в канал

Nigina Amonqulova _ ENG

59
Диёро, арҷмандо, дўстдоро, Зи ҷамъи меҳрубонон ёдгоро. Бинозам бо кафи оби зулолат, Бимонам сар ба поят, кўҳсоро. Аё модар, ба қурбони ту мирам, Туро хоҳар, бигирам дар каноро. Бимон додар, ба рўи шонаҳоят Сарам монам, ки ёбам лаҳзаҳоро. Дар оғўшат ба мисли кўдакам ман, Аё бемисл дар олам, диёро. Ҷаҳонро дидаму чун ту надидам, Сафокешу сафобахшанда, доро. Танам аз ранҷ озод асту беранҷ, Зи файзи васл бо хешу таборо. Ба ман лутфи дигар дорад дар ин шаҳр, Нигоҳи офтоби оламоро. Ш.Мехриниссо