Перейти в канал

Sitorai Karomatullo

915
Имруз аз барои буданат дар таквими умрам чашни саид аст, имруз чашни нур, мухаббат ва нишоти кисматам, имруз мавлуди Шумост падари накуном. Хамду санову сипос Худоро, ки бароям бехисоб мехрубон аст, ки махз фарзанди Шумоям. Хама хастии ман саропо аз сухану сиесату хиради мардонагии Шумо маншаъ гирифта. Бароям устод, рохнамо, дуст ва хамдили беназир хохед монд. Сари ман хамеша ниёзи силахои Шумо, харфи ман такрори панду насихатхоятон, нуре андар чашмонам, ифтихор дар замирам ва кувавту комати ростам дар ин умри шитобон. Маро эътибори баланд аз ному насаби Шумост то хамешаги. Сутуни хонадон, падарчонам то хаёт насибатон доим саломат, неруманд, болидарух ва болои сари мо-фарзандон ва азизон бошед. Мавлуд муборак, марди шарафманди мурам!!! Мардхо чун шахсутунанд, Киштахову пуштахои сабзгунанд. Мардхо богу бахоранд Мардхо бояд намиранд...