Перейти в канал

Sitorai Karomatullo

131
Аз замоне дар замин бо зуҳури хешу шинохти зиндагӣ нурро дидам дар ҷамоли Модарам, ишқро дар садои Падарам ва осмонро хонаи Худо тасвир кардаму дилу дидаро ошиқи умрбодаш кардам. Ягонадухтарам дар хонадон, орзуйи волидайн буд духтаре дар оғӯш гиранд. Ситора хондан маро, ситораи бахту иқбол ба қаъри самои зиндагиашон. Ба чашмонашон мерахшидаму бо нозу муҳаббати фаровону ширин камол ёфтам. Бо меҳри ҳунари Падар ва дуояш ҷодаи санъатро пеша кардам. Ман ин неъмату нусратро дар олами хаёлоти дуру дастнорасам ҳатто надоштам. Шукри беҳисоб, ки ҳаводору ҳамнавои ҳар оҳангу таронаам он рӯзу имрӯз ҳастед. Мелоди ман мелоди гулҳои шақоиқ, ки дар кавири яхзадаи дай ситорасон шӯъла мезанаду медамад. Мелоди ман мелоди таронаҳои сабз, ки аз махмали барфҳои сапед пар мекушояд ба сарзамини таронашиносон. Медоли ман мелоди шукр аст баҳрам, ки аз бунёд то барбод дар лавҳи қисматномаву лабҳои шукрписандам мӯҳри абадӣ дорад. То зиндаам, барои ин меҳану миллат Худоро сипосу санову дуогӯям. Бо иззату икром ва ихлосу ифтихор, Ситораи Кароматулло. 🙏❤️🎂